IFC Home
Creating Opportunity Where It's Needed Most

Тањќиќи Корпоратсияи байналмилалии молиявї (IFC) пешрафти бозрасї, иљозатномадињї, ислоњот ва чолишњои боќимондаро нишон медињад


Душанбе
Кристина Боверс
Тел.: +992 48 701 1442
Е-мейл: cbowers@ifc.org

Душанбе, Тољикистон, Декабр 16, 2009 — Амалисозии ќонуни соли 2006 дар бораи санљиши бозрасї мутобиќи тањќиќи нави IFC – узви гурўњи Бонки љањонї оид ба соњибкории хурду миёна барои соњибкорони хурду миёнаи Тољикистон маблаѓи 9.3 миллион доллари ИМА њарсола фоида меорад.  

Вале харљњои маъмурї, махсусан барои баќайдгирии бизнес, иљозатњо ва сертификатхои  маљбурї њамчун шањсони њуќуќї дар назди соњибкорони хурду миёнаи баќàéäãèðèôòàøóäà ќàðîð äîðàíä.

Гузориши Муњити бизнес дар Тољикистон аз нигоњи соњибкории хурду миёна дар соли 2009 ба тањќиќ дар бораи 1 500 соњибкори хурду миёна дар саросари Тољикистон асос ёфтааст. IFC тањќиќоти муќоисавиро дар кишвар дар солњои 2003 ва 2006 анљом дод ва муќоисањои чашмрас дар заминаи иќлими сармоягузорї сурат гирифтанд.

Маъмури њукуматї гуфт, ки “Дар моњи сентябр дар гузориши Бонки љањонї Тољикистон аз љумлаи 10 кишвари аз њама боло ќарордоштаи дар њоли ислоњот ќарор додааст. Тањќиќи имрўзаи IFC пешрафти кишварии моро дар дастгирии бахши хусусї аз тариќи ислоњот тасдиќ менамояд”.  

Дастрасї ба воситањои молиявї яке аз мушкилоти болої барои соњибкорони хурду миёнаи Тољикистон махсусан хољагињои дењќонї (фермерї) боќї мемонад. Дар солњои 2002 – 2007 муњити аз тариќи чанд роњ пеш мерафт. Масалан, амалисозии ќонуни соли 2004 дар бораи иљозатнома сарбории иљозатномаро (литсензияро) барои соњибкории хурду миёна коњиш дод.

“Сарфаљўї кардани $9.3 миллион (доллари ИМА) дар бахши хусусї интизорињои моро бароварда сохт, вале корњои зиёде барои њалли дигар чолишњои (мушкилоти) калидии бизнес ба монанди ислоњот дар соњаи андоз бояд анљом дода шавад” – гуфт Вендї Вернер, маъмури кишварии IFC дар Тољикистон.  

Фаъолияти нави соњибкорї дар бахши соњибкории хурду миёна ба категорияи соњибкории инфиродї ва хољагињои дењќонї (фермерї) равона шудааст. Ба хотири доираи васеъи чолишњо (мушкилот) дар муњити бизнес дар миёни соњибкорони хурду миёнаи ќайдшуда њамчун шахсони њуќуќї рушду инкишоф камтар аст. Ин корхонањои хурду миёна дар бораи пардохтани ѓайриќонунї пардохтани 12 дарсади фурўшњо ба маъмурони давлатї барои њалли масъалањои марбут ба гумрук, андоз, иљозатнома ва дигар тартиботи маъмурї гузориш доданд.

Аз байн бурдани марњилањои нолозим дар раванди баќайдгирї, афзоиш додани шаффофият дар додани иљозатнома, ба роњ мондани ислоњоти њамаљонибба барои иљозатнома, амалисозии бањодињии риск (хатар) ба бозрасї ва аудити андоз, табдил додани интихоби сертификатсия ба категорияи камхатари молњо ва хадамот ва оддисозии тартиботи воридот/содирот. Гузориши мазкур дар сайти зерин ќобили дастрас аст: www.ifc.org/tajikistan/sme.

Лоињаи ќодирсозии муњити бизнеси IFC аз тарафи котиботи давлатии Шветсария оид ба корњои иќтисодї ва Шўъбаи рушди байналмилалии Британияи Кабир маблаѓгузорї мешавад.

IFC танњо муассисаи молиявии байналмилалї мебошад, ки истисноан ба бахши хусусї њамчун муњаррики (мотори) рушди устувор дар бозорњои тараќќикунанда тамаркуз кардааст. Муассисаи мазкур њамроњ бо Бонки исломии бозсозї ва рушд барои афзоиши умумии ќобилиятњои худ љињати эљоди имкониятњо барои камбаѓалон дар кишварњои тараќќикунанда аз љумла бењсозии иќлими сармоягузорї дар Тољикистон ва доираи васеътари минтаќа кўшиш мекунад.

Дар бораи IFC
IFC  - узви гурўњи Бонки љањонї ба одамон барои рањої ёфтан аз камбизоатї ва бењсозии њаёти онњо имкониятњо фароњам месозад. Мо аз тариќи дастгирии инкишофи бахши хусусї, љалб кардани сармояи хусусї ва фароњам кардани хадамоти машваратї ва коњиши риск (хатар) ба соњибкорон ва њукумат рушди устувори иќтисодиро дар кишварњои тараќќикунанда пуштибонї мекунем. Маблаѓи умумии сармоягузории нави мо дар соли молиявии 2009 $14.5 миллиард доллари ИМА буд, ки барои кумак кардан ба сармоягузорї дар кишварњои тараќќикунанда дар ваќти буњрони молиявї равона шуда буд. Барои иттилооти бештар нигаред: visit www.ifc.org.

Барои иттилоои дар бораи SECO ё DFID лутфан нигаред ба www.seco.admin.ch ва www.dfid.gov.uk.